То ҳарифон бар дар май хона маъво карда анд

Хонаи ғамро хароб аз сайл саҳбо карда анд

Мигсорони чанг то дар гардан мино заданд

Даъвии гардани кашӣ бо чарх мино карда анд

То ба ёдаши соқӣ аз мино ба соғари рехт май

Микшон аз бе худии сдгўнаҳ ғавғо карда анд

Май ба киштӣ нӯш кун каз файзи пер май фуруш

Қатра май аз хиҷолати бахш дарё карда анд

То зи мастӣ шкроФшон шуд даҳони танг ӯ

Орзӯии танг ъишонро муҳайё карда анд

Мӯӣ ӯ то бо миёни нозукаш улфат гирифт

То сафи диўонгоншро тамошо карда анд

Пери канъонро қарор аз ҳасан Юсуф дода анд

Шайхи сунъонро тараб аз ишқ тарсо карда анд

Судҳо бурданди тиҷорӣ ки дар бозори ишқ

Нақди ҷонро бо матоъи бӯса савдо карда анд

Суҳбати нӯшин лабони дили мурдагонро зинда кард

Каз дами ҷони бахши эъҷоз масеҳо карда анд

Сохтанд аз баҳри ҷонони хонае дар куфру дайн

Гоҳи номашро ҳарам , гоҳе килисо карда анд

Донаи тасбеҳ аз он хол мънбр сохтанд

Ҳалқаи зуннор аз он зулф чилипо карда анд

Гарм шуд бозори истиғнои Юсуфи талъатон

То тамошои худ аз чашм Зулайхо карда анд

Илтифотӣ нест хубонро ба ҳоли ошиқон

То мисоли хеш дар ойӣна пайдо карда анд

Гар батон хӯрданд хӯни мо , фурӯғӣ дам мазан

Кончаҳ бо мо кардаанд ин қавм , зебо карда анд