Коми ман аз он кунҷи даҳон ҳеҷ надоданд

Ҷузи ранҷам аз ин ганҷи ниҳон ҳеҷ надоданд

Дар васфи даҳонаш ҳамаро нотиқа лол аст

ӣнҷост ки тақрири забон ҳеҷ надоданд

Оташ задагон ситам ёр хамӯшанд

ӣнҷост ки ёроии фиғон ҳеҷ надоданд

Борӣктар аз мӯӣ шуданд аҳли дил аммо

Огоҳӣ аз он мӯии миён ҳеҷ надоданд

Аз булҳавасони масъала ишқ мапурсед

Зеро ки дар ин марҳалаи ҷон ҳеҷ надоданд

Як бораи сабк бор шуд аз ғуссаи даврон

Онро ки ба ҷузи ратли гарон ҳеҷ надоданд

Осоишӣ аз мғбчгон ҳеҷ надидам

Осоишам аз дайри Муғон ҳеҷ надоданд

Рафтам ба суроғи дил гум гашта ба кӯяш

Зини Юсуф гум гашта нишон ҳеҷ надоданд

Чун шод набошам ки дил ғмздаҳам ро

Ғайр аз ғами он сарви равон ҳеҷ надоданд

Дар мурдани он шамъ барафрӯхта мо ро

Алои нафас шуъла фишон ҳеҷ надоданд

Тирӣ ба нишони дили мо ҳеҷ нияндохт

Инсоф бидон сахти камон ҳеҷ надоданд

Аз хон қазои қисмати абнои ҷаҳон ро

Бе ҳиммати дорои ҷаҳон ҳеҷ надоданд

Бахшанда малики носрдини он ки ба хасмаш

Осӯдагӣ аз даври замон ҳеҷ надоданд

Фарёд ки таркони ситами пешаи фурӯғӣ

Дар куштани ушшоқи амон ҳеҷ надоданд