Бар зулфи ту бояд ки раҳ шона бабанданд
ё машки фурӯашон дар кошона бабанданд
Он ҷо ки туе ҷои назар бастан мо нест
Гӯи аҳли насиҳати лаб аз афсона бабанданд
Хуррами дили қавмӣ ки ба ёди лаби лаълат
Паймони ҳама бо гардиш паймона бабанданд
Айшӣ ба аз ин нест ки аз рӯй ту ушшоқ
Бурқаъ бигушоанд ва дар хона бабанданд
Бигушо гиреҳӣ аз шикани ҷаъди мусалсал
То гардани як силсила девона бабанданд
Бинмоӣ ба мурғони чамани донаи холат
То дил ба харидории ин дона бабанданд
Шояд ки ба таҳсили ту эй гавҳари шҳўор
Шоҳони ҷаҳони ҳиммат шоҳона бабанданд
Кайфияти чашми ту кафофи ҳамаро кард
Гӯи бодаи фурӯашон дар майхона бабанданд
Берун наравад ранҷи хумор аз сари мардум
Гар дида аз он наргис мастона бабанданд
Аҳли назар аз зулф ту хоҳанд камандӣ
То дасти адуии шаҳ фарзона бабанданд
Кӯшндаи мҳмдшаҳи ғозӣ ки сипоҳаш
Дасти фалак аз бозуӣ мардона бабанданд
эй шоҳи фурӯғӣ ба таҷаллии гуҳи он шамъ
Мапаснд рақибони пар парвона бабанданд