Маро бо чашм гирён офариданд
Туро бо лаъл хандон офариданд
Ҷаҳонро тираи рӯ эҷод карданд
Туро хуршед тобон офариданд
Хататро айни зулмат халқ карданд
Лабатро об ҳайвон офариданд
Хами мӯии туро диданд бар рӯй
Қарини куфр ва имон офариданд
Парешони зулфи ту то ҷамъ гардид
Дили ҷамъӣ парешон офариданд
Серуми гӯии хами чавгон ӯ шуд
Чу гӯй аз баҳр чавгон офариданд
Ман аз рӯзи ҷазо воқиф набудам
Шаби ялдоӣ ҳиҷрон офариданд
Ба Мисри он дами Зулайхо ҷома зад чок
Ки Юсуфро ба канъон офариданд
Ба чаҳ афтод вақте Юсуфи дил
Ки он чоҳ занхдон офариданд
Замонии сарвро аз по фиканданд
Ки он қад хиромон офариданд
Сафи ушшоқро рӯзии шикастанд
Ки он сафҳои мижгон офариданд
Фурӯғиро шабӣ парвона карданд
Ки он шамъ шабистон офариданд