Онон ки дар муҳаббат ӯ санг ме хуранд
Хӯнро ба ҷои бодаи гул ранг ме хуранд
Ман танги дили зи рашки гуруҳе ки дар хаёл
Танги шукр аз он даҳан танг ме хуранд
Қавмӣ ки хишти майкада болин намӯда анд
Бовар макун ки ҳасрат авранг ме хуранд
Зоҳиди шабӣ ба ҳалқаи мисатон гузор кун
То бенгарӣ ки май ба чаҳ оҳанг ме хуранд
Гулҳои сарфикандаи ин боғи рӯзу шаб
Андӯҳ ва он ду сунбули шаб ранг ме хуранд
Ман хӯни дил ба нола хӯрам зон ки аҳли завқ
Майро ба нағмаҳои хуш чанг ме хуранд
Номам ба нанг дар ҳамаи шаҳр шуҳра шуд
Кам номи он касон ки ғам нанг ме хуранд
Ман хӯрдаам зи новаки мижгони кӯдакӣ
Захмӣ ки пари дилон ба саф ҷанг ме хуранд
Мардум ба даври наргиси масташи Фрўғё
Дар айни ҳайратам ки чаро банг ме хуранд