Чун дами теғи ту қасди ҷон сетоне ме кунад

Бори сар бар дӯши ҷонон зон гаронӣ ме кунад

Чашми бемори туро нозам ки бо соҳиби дилон

Даъвии зӯроварӣ дар нотавонӣ ме кунад

Ман ғуломи он назарбозам ки бо манзури худ

Шарҳи ҳоли хешро дар безабонӣ мекунад

Ҳолатӣ дар боғ ӯ дорам ки бо ман ҳар саҳар

Булбули дастони сарои ҳам достонӣ ме кунад

Чун нанолад мурғи мискинӣ ки ӯро дода анд

Домани боғӣ ки гули чин боғбонӣ ме кунад

Ман куҷоу базми он шоҳаншаҳи иқлӣми ҳасан

Съўаҳ бо шаҳбоз кӣ ҳам ошёнӣ ме кунад

Гар на боди субҳи дам дар гулшан ӯ ҷустаи роҳ

Барқи оҳами пас чаро оташ фишонӣ ме кунад

Соқио май даҳ ки охири гунбади нилӯфарӣ

Арғавонии ранги моро заъфаронӣ ме кунад

Офияти хоҳии замини бӯс дар мехона бош

Зон ки май дафъи балоӣ осмонӣ ме кунад

Раҳравӣ аз каъба мақсӯд меҷӯяд нишон

Кови ватан дар кӯй беном ва нишоне ме кунад

Ошиқи содиқи фурӯғӣ бар сари савдои ишқ

Нақди ҷонро кӣ дареғ аз ёр ҷонӣ ме кунад