Ҷамъӣ ки марҳами ҷигар хаста мананд
Аз ҷаъди анбарин ҳамаи анбар ба домананд
Аз тири ғамзаи рахна ба ҷонам фиканда анд
Хеле ки аз ду зулф худованд ҷавшананд
Ман душманам ба хайли накӯён ки ин гуруҳ
Бо душманони мувофиқ ва бо дӯст душмананд
Таъйин дил макун бар хубони санги дил
Зеро ки дар шикастан дилҳо муайянанд
Гар башикананд шишаи дилро ғариб нест
Симин барон ки сахттар аз кӯҳ оҳананд
Онон ки бардаи соқии сармасти ҳушашон
Аз дастбурди фитна айём эминанд
Бе пардаи гашти рози ман эй моҳи харгаҳӣ
Шуд вақти он ки пардаи з рӯят барафкананд
Дили бастагони зулфи ту осӯда аз наҷот
Афтодагони доми ту фориғ з гулшананд
Бо он ки ҳеҷ нола ба гӯшт наме расад
Шаҳрии зи дасти ишқи ту саргарм шевананд
Халқӣ кунанд манъи фурӯғӣ ба роҳи ишқ
Косўдаҳи дили зи ғамзаи он чашм раҳзананд