эй хандаи ту роҳзани корвони қанд

Мо неши ишқи хӯрдау лаъли ту нӯшханд

Бархест нешикар ки зи қади ту дам занад

Аз ҳам ҷудо ҷудо шуду бибридаи бндбнд

Мардуми сапанд бар сар оташ ниҳанд ва ту

Оташ задӣ ба олам аз он хол чун сапанд

Моҳӣ надидаам чу ту дар чорсўии ҳасан

Худройу худнамо , худорои худписанд

Боло гирифт оҳи ман аз шамъи қади ту

Чун шуълае ки аз сар оташ шавад баланд

Ман мӯ ба мӯи ҷароҳату ҷаъди ту машки бӯ

Ту сар ба сари малоҳати ман хастаи газанд

Чашм аз фироқ рӯй ту дар гиря то ба кӣ

Дили зи иштиёқи мӯии ту дар мӯя то ба чанд

Ушшоқро кашидае аз зулфи чин ба чин

Офоқро гирифтае аз хам ба хами каманд

Ҷамъии асири он сари зулфин тоби дор

Шаҳрии шаҳиди он хами абрӯии теғи банд

Берун намеравад ғами Лайлӣ ба ҳеҷ рӯй

Оқил намешавад дили маҷнӯн ба ҳеҷ банд

Бар он ду зулфи даст фурӯғӣ наме расад

Бе ҳиммати баланди худованди ҳӯшманд