Оташ задагон ситами об аз ту нахоҳанд

Дили сӯхтагони ғайри азоб аз ту нахоҳанд

Фардои қиёмат ки ҳисоб ҳама хоҳанд

Хунини кафанони ҳеҷ ҳисоб аз ту нахоҳанд

Гар бегунаҳонро кашии имрӯз ба маҳшар

Тақсир ту бахшанду уқоб аз ту нахоҳанд

Гар хӯни муҳибони хурӣ аз тоби муҳаббат

Подоши амал дар ҳамаи боб аз ту нахоҳанд

Қавмӣ ки ҷигари сӯхта оташ ишқанд

Шояд ки ба ҷузи бодаи ноб аз ту нахоҳанд

Ҷамъӣ ки ба бедоришони коми надодӣ

Ҷавраст ки як бӯса ба хоб аз ту нахоҳанд

То чанд зи хӯни мижа дар кӯии ту аҳбоб

Сад нома нависанду ҷавоб аз ту нахоҳанд

Мардуми зи сияҳи чашми ту дар майкадаи ишқ

Мустанад ба ҳаддӣ ки шароб аз ту нахоҳанд

Ҳар ҷо ки барояд зи ғамати нолаи ушшоқ

Арбоби тараби чангу рубоб аз ту нахоҳанд

Алҳақ ки ғизолони сияҳи чашми фурӯғӣ

Ҳайфаст ғазалҳои хуши об аз ту нахоҳанд