Дили девонаи ман қобил занҷир набӯд

Варна кӯтоҳӣ аз он зулфи гиреҳ гир набӯд

Дӯш бо туррааш аз тирагии бахти маро

Гилае буд вале қудрат тақрир набӯд

Ишқ мегуфтам ва май сӯхтам аз оташи ишқ

Ки дар ин масъалаам фурсат тафсир набӯд

Кӣ ҷаҳони сӯхтӣ аз ишқи ҷаҳони сӯз агар

Дар ҷаҳони ҷилваи он ҳасани ҷаҳон гир набӯд

Бас ки саргарм ба назора қотил будам

Ҳеҷ огоҳем аз зарбат шамшер набӯд

Ёрб ин сайд фикан кист ки нахҷӣраш ро

Хӯн дил мешуду дил бо хабар аз тир набӯд

Нозами он шасти камони каш ки ба ҷузи пайконаш

Хоҳишӣ дар дил хӯн гашта нахҷӣр набӯд

Бо ғамаш гар накунам сабр , фурӯғӣ чаҳ кунам

Ки ҷузи ин қисматам аз олам тақдир набӯд