Монеъ рафтан ба ҷузи меҳру вафоӣ ман набӯд

Вар на дар кӯй батон бандӣ ба пой ман набӯд

Гар набӯдӣ кӯҳи андӯҳи муҳаббат дар миён

Луқмае ҳаргиз бақадр Аштҳои ман набӯд

Доне аз баҳр чаҳ комамро даҳон ӯ надод

Интиҳо дар хоҳиш бе миннатҳои ман набӯд

Он ки дар ҳар пардаи нақши сӯрат ширин кашид

Бо хабар аз шоҳиди ширини адоӣ ман набӯд

Ҳалқаи гесуӣ ӯ бо ман сар савдо надошт

Вар на кӯтоҳии зи иқболи расоӣ ман набӯд

То фитодам дар қафои чашми сҳронгиз ӯ

Кӯи назарбозӣ ки чашмаш дар қафоӣ ман набӯд

Арсаи нозаш ки аз андозаи беруни рафта буд

Танг шуд аз куштагони чандон ки ҷой ман набӯд

Гар шаҳидонро ба маҳшари хӯн баҳо хоҳанд дод

Пас чаро қотил ба фикри хӯни баҳои ман набӯд

Аз пас оташ задани хокистарам барбод дод

Ин аноятҳои гӯногӯни сазоӣ ман набӯд

Ман ки алои ошиқӣ ҷурмӣ накардам ҳеҷ вақт

Ин уқубатҳои пай дар паии ҷазоӣ ман набӯд

Сад гиреҳ зулфаш гушӯд аммо зи кори дигарон

Сад нигаҳ чашмаш намӯд аммо барои ман набӯд

Уқда ҳо зад бар дил гуё ки он зулфи баланд

Воқиф аз адли шаҳи кшўргшоӣ ман набӯд

Носириддини шоҳи одили он ки ҳангоми дуо

Ҷузи бақои давлат ӯ муддаоӣ ман набӯд

Аз дуои охири фурӯғӣ ҳосилам шуд муддао

То напиндорӣ иҷобат дар дуоӣ ман набӯд