Қадаҳи бода агар чашми бут сода набӯд
Ин ҳамаи мастии халқ аз қадаҳ бода набӯд
Сабаб бода нанӯшидан зоҳид ин аст
Ки саросари ҳамаи асбоби вай омода набӯд
Дӯш дар домани поки санами бодаи фуруш
Асарӣ буд ки дар доман саҷҷода набӯд
То ба дарҳо нарӯй ҳар саҳарӣ кӣ доне
Ки дарии ғайр дар майкада бигушода набӯд
Ҳар ки дили бурдан маъшӯқ бибинад , донад ,
Ки гуноҳ аз тарафи ошиқ дил дода набӯд
Ҳаргиз эҷод намекард , худои одамро ,
Айни мақсӯдгар он шӯхи парӣ зода набӯд
Қосид ар дӯст ба сӯем нафиристод хушам
Ки миёни ман ва ӯ ҷой фиристода набӯд
Рӯзи маҳшар ба чаҳ умеди зи ҷо бар хезад
Ҳар сиррӣ каз дами шамшери ту афтода набӯд
Воқиф аз доғи дил лола нахоҳад бӯдан
Ҳар наҳодӣ ки дар он доғ ту биниҳода набӯд
ё ки ман қобил қаллода набудам ҳаргиз ,
ё саги кӯии ту муҳтоҷ ба қаллода набӯд
Кӣ фурӯғии зи фалаки сари хат озодӣ дошт
Гар ба даргоҳи малики банда озода набӯд
Офтоби фалаки ҷӯади малики носрдин
Ки ба қадари карамаши гавҳар биҷодаҳ набӯд