Лаби паймона агар бар лаб ҷонона набӯд

Бӯсаи гоҳи лаби риндони лаб паймона набӯд

Гӯшаи чашмаш агар нашъаи надодӣ май ро

Як ҷаҳони маст ба ҳар гӯша мехона набӯд

Мояи мастии мо бода набӯдӣ ҳаргиз

Соқии базмгар он наргис мастона набӯд

Баъд чанде ки шудам дохили кошонаи дӯст

Он ҳам аз душмании чарх ба кошона набӯд

Ошноӣ ҳарамӣ бӯдаам аз ҷазбаи ишқ

Ки дар онҷои гузари муҳаррам ва бегона набӯд

Аз паии мақсади дил дар ҳама олам гаштем

Ганҷи мақсӯд дар ин олам вайрона набӯд

Ман ба ҳар кишварӣ аз ишқ набудам расво

Гар ба ҳар маҷлисӣ аз ҳасани ту афсона набӯд

Партав рӯй ту оташ ба дилам зад вақте

Ки ба пиромни шамъи ин ҳама парвона набӯд

То сари зулф ту шуд силсилаи ҷунбони ҷунун

Кас надидам ба ҳамаи шаҳр ки девона набӯд

Бо вуҷӯди ғазали шоҳи фурӯғӣ чаҳ кунад

Зон ки дар табъи гадои гавҳари як дона набӯд

Тоҷ бахшанда хуршеди малики носрдин

Ки раҳин фалак аз ҳиммат мардона набӯд