Ба кӯяши дӯш ё раб ё рабӣ буд
Киро ёрб надонам матлабӣ буд
Шабу рӯзӣ ки дар май хона будем
з ҳақ магзар ки хуши рӯзу шабӣ буд
Касе донад ҳадиси талхи комӣ
Ки ҷонаш бар лаб аз ширини лабӣ буд
Набудам тираи рӯз аз ишқи он моҳ
Ба чархамгар фурӯзони кавкабӣ буд
Баҳоии ашк симинам надонист
намедонам чаҳ симини ғабғабӣ буд
Рухи зебоӣ ӯ дар чанбари зулф
Ту пиндории қамар дар ақрабӣ буд
Аз он рӯи кофари ишқами фурӯғӣ
Ки ишқи аввалитар аз ҳар мазҳабӣ буд