То ба рухи чини сари зулфи ту ларзон нашавад

Ҳамаи ҷои қимати машки хутан арзон нашавад

Дили як силсила девона наҷунбад аз ҷой

Ҳалқаи мӯии тугар силсила ҷунбон нашавад

Роҳ дар ҷамъи пароканда дилонаш ндиҳанд

Он ки дар ҳалқаи зулфи ту парешон нашавад

Пеши соҳиби назарони сӯрат бар девор аст

Он ки дар сӯрати зебои ту ҳайрон нашавад

Хизр агар бӯса занад лаъл меолуд ту ро

Ҳаргизи олӯда ба сари чашма ҳайвон нашавад

То дамодам накушуд ҷоми лаболаби соқӣ

Сар ба сар бо хабар аз гардиш даврон нашавад

То касе хоҷагӣ ҳар ду ҷаҳонро накунад

Лоиқи бандагии ҳазрат инсон нашавад

То касе зарраи сифат пок нагардад дар ишқ

Қобили тарбияти меҳр дурахшон нашавад

Дӯш бо он маи тобанда фурӯғӣ ме гуфт

Каз дилами меҳри ту пайдо шуд ва пинҳон нашавад