Пеши ман коми рақиб аз лаъл хандон ме диҳад

Аз яке ҷон месетанд бар яке ҷон ме диҳад

Май кушояд то зи ҳам чашмони хоби олӯда ро

Ҳар тараф бар қатли ман аз ғамза фармон ме диҳад

намекашад ишқам ба майдонӣ ки ҷони хаста ро

Захм марҳам мегузорад , дард дармон ме диҳад

Хобам аз ғайрат намеояд магари имшаб касе

Дил ба дилбар месипорад ҷон ба ҷонон ме диҳад

Гар чунин чашми терми хӯни об дил хоҳад фишонд

Хонаи ҳамсояро як сар ба тӯфон ме диҳад

Ман ки дасти чархро май печам аз неруии ишқ

Ҳар дамами сад печу тоби он зулф печон ме диҳад

Ёрб он мӯии мусалсалро парешоне мабод

Зон ки гоҳе коми дилҳои парешон ме диҳад

Вой бар ҳоли гирифторӣ ки дасти рӯзгор

Даст ӯ мегирад ва бар даст ҳиҷрон ме диҳад

Ҳар ки май бӯсади лаби соқӣ ба ҳукм май фуруш

Нисбат майро куҷо бо об ҳайвон ме диҳад

Як ҷаҳони ҷон дар баҳои бӯса мехоҳад лабаш

Гавҳари арзандаашро сахт арзон ме диҳад

То фурӯғии гуфтугӯ зон шаккарин лаб ме кунад

Гуфта худро ба султони сухан дон ме диҳад

Носириддини шоҳи ғозии он ки дар майдони ҷанг

Нутқи гавҳарбор ӯ хиҷлат ба марҷон ме диҳад