Ҷони сипорӣ ба раҳи ғамзаи ҷонон бояд
Тирборони қазоро сипар аз ҷон бояд
Бигузар аз ҳар ду ҷаҳонгар сари ваҳдати дорӣ
Домани куфр раҳо кун ?герати имон бояд
Аз парешоне агар ҷамъ нагардад ғам нест
Ҳар киро бӯе аз он зулфи парешон бояд
Гиря чун абри баҳорӣ чаҳ кунад гар накунад
Ҳар киро комӣ аз он ғунчаи хандон бояд
Он ки манъи дилам аз чоки гиребон ту кард
Хокаши андари лабу чокаш ба гиребон бояд
Чашми ман қомати дили ҷӯии туро ме ҷӯяд
Зон ки бар домани ҷӯи сарви хиромон бояд
Ошиқони ҷузи даҳанат ҳеҷ нахоҳанд оре
Ташнаи комони туро чашмаи ҳайвон бояд
Акси рухсори ту дар чашм ман афтод оре
Шамъи афрӯхтаро рӯ ба шабистон бояд
Аз сари кӯии ту ҳайфаст фурӯғӣ баравад
Ки гулистони туро мурғи ғзлхўон бояд