Ҳар ҷо ки ба таннозӣ , он сарв равон ояд

Дил бар сари дили резад , ҷон аз пай ҷон ояд

Ҳасрати набарди ошиқи ҷуз бар дили муштоқӣ

Каз раҳгузари хубони ҳасрат нигарон ояд

Шаҳрӣ ба раҳи он ма , хӯн дар дилу ҷон бар лаб

Фарёд ки аз дасташи як шаҳр ба ҷон ояд

Ҳаргиз натавон рафтани беруни зи камӣн гоҳе

Кони тарки шкороФкн бо тир ва камон ояд

Бояд ки танам гардад чун мӯӣ ба борикӣ

Шояд ба канори ман он мӯӣ миён ояд

Мушкили зи вуҷӯд ман монад асарии боқӣ

Вақте ки ба сар рафтам он ҷон ҷаҳон ояд

Онҷо ки ту биншинӣ , халқӣ ба фиғони хезад

Вонҷо ки ту бархезӣ , шаҳрӣ ба амон ояд

Тарсам надиҳӣ роҳам дар саҳни гулистонат

То тозаи баҳоратро осеб хазон ояд

Андӯҳ намемонад дар ишқи фурӯғӣ ро

Ҳар гуҳ ба дили тангаши он танг даҳон ояд