Ҳамаи ҷои тири ту бар сина мо ме ояд

Ҷон ба қурбони хадангӣ ки ба ҷо ме ояд

Ҷӯй хӯн меравад аз чашмаи чашмам бар хок

Бар серуми байн ки зи дасти ту чаҳ ҳо ме ояд

Гар дил аз санги ҷафоӣ ту нанолад чаҳ кунад

Шишаи ҳангом шикастан ба садо ме ояд

Сафи ушшоқ ба як чашм задан бар ҳам зад

Ёрб ин саф зада мижгони з куҷо ме ояд

Сахт шуд бар дили ман кор ба ҳаддӣ дар ишқ

Ки ба сари вақти ман он суст вафо ме ояд

Ман зи худ май рӯму ёр қадаҳ ме бахшад

Ташна ҷон медиҳаду об бақо ме ояд

Ҳамаи ихвони сафо бар сар ваҷданд магар

Санами мост ки аз рӯй сафо ме ояд

намерасад ҷилвагар он сарви хиромон эй дил

Мустаъид бош ки тӯфон бало ме ояд

Магар андешаам аз рӯй хато рафт ки боз

Тарки сари масти ман аз роҳ хато ме ояд

Ҷамъии афтода ба ҳар гӯша парешон ҳоланд

Магар аз сунбул ӯ бод сабо ме ояд

Аз сари рехтани хӯн фурӯғӣ магзар

Чун ба майдони ту дар айн ризо ме ояд