Ба умедӣ ки вафо хоҳам дид

Аз ту то чанд ҷафо хоҳам дид

То кӣ аз лаъл шароб олудат

Ғайрро комрўо хоҳам дид

Гар тавон васли туро дид бихоб

Ин чунин хоб куҷо хоҳам дид

Тоқи абрӯии тугар қибла шавад

Хуши асарҳо з дуо хоҳам дид

То сари зулфи ту дар даст ман аст

Машки чинро ба хато хоҳам дид

Ҳасани ту пардаи зи чашмами бардошт

То азин парда чҳо хоҳам дид

Гар ту шамшери зании мардум ро

Чашми ҳасрат ба қафо хоҳам дид

Гар камони дори туе дилҳо ро

Ҳадафи тир бало хоҳам дид

Ҳар куҷои қомат ту биншинад

Баси қиёмат ки ба по хоҳам дид

Гар каф пой наҳй бар сари хок

Хокро об бақо хоҳам дид

Магари он моҳ фурӯғӣ дидӣ

Ки фурӯғати ҳама ҷо хоҳам дид