Ҳар кас ки дид рӯй ту оҳии з ҷон кашид

Ҳар дил ки шуд асири ту даст аз ҷаҳон кашид

Ҳар хӯн ки рехтии ту ба маҳшар нашуд ҳисоб

Пиндоштами ҳисоби туро метавон кашид

Дишаб ба ёди қади ту аз дил кашида ам

Оҳӣ ки интиқоми ман аз осмон кашид

Онро ки чарх дод ба кафи сари хати амон

Худро ба зери сояи пер Муғон кашид

Як борагии хусумати ушшоқу булҳавас

Бархест аз миёна чу теғ аз миён кашид

Абрӯӣ ӯ ки мояи чандин гушоиш аст

Миннати худоиро ки ба қатлам камон кашид

Мискин касе ки дод зи кафи остини ту

Мискинтар он ки пой аз он остон кашид

Инаст агар татовули гулчину боғбон

Бояд қадами фурӯғӣ аз ин гулистон кашид