Дило мувофиқи он зулф ънброФшон бош
Сиёҳи рӯзу саросема ва парешон бош
Ба маънӣ ар натавонӣ ба ранг ёрон шуд
Бирав ба олами сӯрат , шабиҳ эшон бош
Бихар ба ҷони гарони мояи васли ҷонон ро
Вагарна то ба абади мустаъид ҳиҷрон бош
Ба умр агар амалии ғайри ишқи крдстӣ
Кунун з карда беҳосилат пушаймон бош
Муроди аҳли дил аз дайру каъба берун аст
Буруни зи доираи кофар ва мусулмон бош
Ғуломи олами таркиб то ба кӣ бошӣ
Тилисмро башикан шоҳи олам ҷон бош
Ба зери бори табибон шаҳр натавон рафт
Ба дард ху куну осӯдаи дили з дармон бош
Назар ба домани гули чин наме тавон кардан
Ба хор сар куну фориғи зи сайр бустон бош
Насиби Хизр худо кард оби ҳайвон ро
Бигӯ Сикандари зулмати давида ҳайрон бош
Ба даст хоҷа диҳанд остини давлат ро
Ту хоҳи розӣ аз ин дода , хоҳ нолон бош
эй толеъ агар соя бар сарат фиканд
Паии суҷуди ҳумоюни сарир хоқон бош
Сутӯдаи носрдини шаҳи каш осмон гуяд
Ҳамеша зинати аврангу зеб айвон бош
Ситора то ки буд бар ситораи фармони даҳ
Замона то ки буд дар замона султон бош
Фурӯғӣ ар ба сухани навбат шаҳӣ бизанӣ
Раҳин миннати шоҳаншаҳи сухан дон бош