эй хоҷа бирав бандаи он Зуҳра ҷабин бош

Дар бандагии хок дараш садр нишин бош

Як чанд ба гирди ҳараму каъбаи давидӣ

Як чанд муқӣм дар май хона чин бош

Бигузар зи сари ақлу қадам на ба раҳи ишқ

Чанде пай он рафтӣ , чанде пай ин бош

Бигзор зи кафи сбҳаҳ ва бурдор суроҳе

Як чанд чунон будӣ , як чанд чунин бош

Бустон май боқии зи кафи соқии маҷлис

Осӯдаи дил аз кавсару фирдавс барин бош

Хоҳӣ ки шӯии хозини асрори амонат

Ҷбрили сифат дар ҳамаи аҳвол амин бош

То кӣ ба гумон дар паии матлӯби дуоне

Дар роҳи талаби пайрави арбоб яқин бош

Эмин машав аз фитнаи чашми сияҳ ӯ

Чун ринд назарбоз шудӣ ҳодиса байн бош

Шояд ки шикории зи канорӣ ба дар ояд

Бо тиру камон дар ҳамаи роҳӣ ба камӣн бош

эй он ки шудӣ оинаи дори рухи Юсуф

Як лаҳза ба фикри дили ёқӯб ҳазин бош

Ҳргаҳ ки биханданд амирони малоҳат

Хунини дил аз он хандаи лаъл намакин бош

Ҳар ҷо ки даройанд мулӯк аз дар ҳишмат

Машғӯли тамошои малик носрдин бош

Шоҳӣ ки чунин арза диҳад чархи баландаш

То давр замонӣаст шаҳ рӯй замин бош

Шоҳо ба дуои ту чунин гуфт фурӯғӣ

То тоҷ ва нигинаст ту бо тоҷ ва нигин бош

То мақсади хеш аз майу маъшӯқ тавон ёфт

Соғаркаш ва бо шоҳиди мақсӯд қарин бош