Туу чашми сияҳи мастӣ ки натавон дид ҳушёраш
Ману бахти гарони хобӣ ки натавон кард бедораш
На аллоҳаст ҳар исмӣ ки бсроинд дар қалбаш
На Мансураст ҳар ҷисмӣ ки бФрознд бурдораш
Ба бозорӣ гузар кардам ки зар нақшӣаст аз хокаш
Ба гули зорӣ қадам хӯрдам ки гул аксӣаст аз хораш
Муаттар шуд димоғи ҷони ман аз буии гесуяш
Мунаввар шуд чароғи чашми ман аз шамъи рухсораш
Парии рӯе ки ман дидам ҳама халқанд мафтӯнаш
Масеҳое ки ман дорам ҳама шаҳранд бемораш
Ба рӯе дида бикшодам ки хӯн меҷӯшад аз шавқаш
Ба мӯеи аҳд бар бастам ки ҷон май резад аз тораш
Чаҳ мастӣҳо ки кардам аз шароби лаъли мигўнш
Чаҳ афсунҳо ки дидам аз нигоҳи чашми сҳорш
Чаҳ шодӣҳо ки дорам дар сари савдои андӯҳаш
Чаҳ миннатҳо ки дорад Юсуфи ман бар харидораш
Дамодам талх мегуяд дуои гӯйони давлат ро
Мукаррари қанд май резади лаби лаъли шкрборш
Ҷавоб ҳар саломамро ду сад дашном ме бахшанд
Ғараз ҳар лаҳзаи комӣ май барам аз файзи гуфтораш
Паии шамшоди қади моҳӣ , намондам қӯт рафтан
Ки сарви бӯстони по дар гуласт аз шарми рафтораш
Парастиш мекунад ҷони фурӯғии офтобӣ ро
Ки зулмати хонаи дилҳо мунаввар шуд ба анвораш