Чу бод бар шаканд чини зулфи ғолияи бориш
Фитад з ҳар шикании садҳазори дил ба канораш
Чаҳ ишваҳо ки харидами зи чашми ишваи фурушаш
Чаҳ бодаҳо ки кашидам зи лаъли бода гусораш
Маро ба сидгҳӣ мекашад каманди муҳаббат
Ки хӯн шер хуранд оҳӯони шери шикораш
Агар ба додани ҷон мумкинаст дидани ҷонон ,
зи пардаи гӯ ба дар ояд ки ҷон кунам ба нисораш
Чигуна сарви равонӣ ба фикри хӯн ман уфтад
Ки рехти хӯни ҷаҳонӣ ба хоки роҳи гузораш
Дилӣ ки меравад андари қафои силсилаи мӯён
На май кашанд ба хунаш на медиҳанд қарораш
Касе ки силсила месозад аз барои мҷонин
Хабар ҳануз надорад зи мӯии силсилаи дораш
Куҷо равост ки як ҷо равад ба домани гули чин
Гулӣ ки булбул мискин кашид заҳмати хораш
Кунун вуҷӯди фурӯғӣ ба ҳеҷ кор наёяд
Ки боз дошта савдои ишқ аз ҳамаи кораш