Гар ҳалок манаст унвонаш
Сар напечам зи хати фурмонаш
Марди майдони ишқ доне кист
Он ки андеша нест аз ҷонаш
Кас ба майдони ишқ рӯй накард
Ки накарданд тирборонаш
Орзӯманди маҷлиси султон
Сабр бояд ба ҷаври дирамонаш
Ҳеҷ теғӣ ҷудо нигараданд
Дасти умеди ман зи домонаш
Мардум аз фитнаи эминии ҷӯянд
Ману ошӯби чашми фаттонаш
Зоҳиду гесувони ҳўролъин
Ман ва зулфин ънброФшонш
Ташнаи лаъл ӯ куҷо бошад
Илтифотӣ ба оби ҳайвонаш
эй ки дории сари мусулмонӣ
Бигузар аз чашми номусулмонаш
Ҳаст дармон барои ҳар дардӣ
Ману дардӣ ки нест дирамонаш
Воқиф аз ҳолат фурӯғӣ кист
Он ки уфтад зи чашми ҷононаш