Додем ба як ҷилваи рӯяти дилу дайн ро

Таслим ту кардем ҳам онро ва ҳам ин ро

Ман сайр нахоҳам шудан аз васли ту оре

Лаби ташна қаноат накунад моءи муайян ро

Медид агар лаъли туро чашми сулаймон

намедод дар аввали назар аз дасти нигин ро

Бар хоки раҳе то нанишинӣ ҳамаи умр

Воқиф нашӯй ҳоли ман хок нишин ро

Бар захми дилам тоза фишонд намакии ишқ

Вақте ки гушойии лаби лаъли намакин ро

Гар чини сари зулфи ту машшотаи кушояд

Аттор ба як ҷӯ нахирад нофаи чин ро

Ҳар булҳавасӣ то накунад даъвии меҳрат

эй кош бар ореи зкмри ханҷари кин ро

Дар доираи тоҷи варон роҳ надорад

Ҳар сар ки ба пой ту насоед ҷабин ро

Чун боз шавад панҷаи шоҳини муҳаббат

Дарҳам шаканд шаҳи пари ҷбрили амин ро

Рӯзӣ ки кунад дӯсти қабулам ба ғуломӣ

Он рӯз кунам хоҷагӣ рӯй замин ро

Гар сокини он кӯй шавад ҷони фурӯғӣ

Берун кунад аз сари ҳаваси хулди барин ро