То даҳон ӯ лаболаб шуд зи нӯш
Ғунчаро дар пӯст хӯн омад ба ҷӯш
Базм ӯ беҳтари зи гулгашти биҳишт
Ном ӯ хуштар зи илҳоми сурӯш
Бо ғамаш то тоқатӣ дорӣ бисоз
Дар пайаш то мумкинат бошад бакӯш
Сайди қайд ӯ намеёбад халос
Масти ҷом ӯ намеояд ба ҳуш
Бо чунон сӯрати чисони бандами назар
Бо чунин оташи чисон монам хамӯш
Май хуррами хори ҷафояшро ба ҷон
Май кашами боргаронашро ба дӯш
Моу гули зорӣ ки аз найранги ишқ
Гул буд хомӯшу булбул дар хурӯш
То паёмаш бишинавӣ аз ҳар лабӣ
Пунбаи ғифлати буруновар зи гӯш
Раҳзан одам шуд он холи сиёҳ
Оҳ аз ин гандум намой ҷўФрўш
Дӯш дар хобаши фурӯғӣ дида ем
То қиёмат сархушем аз хоби дӯш