Дили супурдам ба нигаҳ кардани чашми сияҳаш
Тарсами он масти сияҳ кор надорад нигаҳаш
Бахт агар даст диҳад дасти ману доман ӯ
Чарх агар рӯй кунад рӯй ману хоки раҳаш
Чашм умед бпушон зи ғубори хат ӯ
Каз давидан нараседем ба гирди сипаҳаш
Кас шабиҳаш нашносем агар чаҳ ҳамаи умр
Рӯзи мо шаб шуда аз турраи ҳам чун шабаҳаш
Кош дар пардаи шаб , рӯз бапушӣ рӯят
То ннозди фалаки сифла ба хуршеду мааш
Сарви гирам ки ба болой ту монад лекин
Кӯ ба кафи ҷом ва ба бар ҷома ва бар сари каллааш
Ҳоҷати ман зи занхдони ту доим ин аст
Ки наҷотии надиҳади Юсуфи дилро з чаҳаш
Дили ман хастаи мижгони сияҳ чашмон шуд
Оҳ агар чашми бипушади зи ҳоли сияҳаш
Ишқи он шамъ чу парвонаи фурӯғиро сӯхт
То кунад поки зи ороиши чандини гунаҳаш