Чашми ақлам хира шуд аз акс рӯй тобнокаш

Рӯзгорам тира шуд аз тори мӯии мшкбўиш

Шаб ки аз хуии бад ӯ рахт май бандами зи кӯяш

Бомдодон узр мехоҳад зи ман рӯй накӯяш

Орифи солики куҷо фориғ шавад аз зикру фикраш

Сӯфии софии куҷо ғофил шавад азҳоиу ҳўиш

Хуши дил аз васлат насозад то насӯзӣ аз фироқаш

Зиндагӣ аз сар нагирӣ то намирӣ зи орзӯяш

Ҳар чаҳ худро май кашам аз дасти ишқаш бар канорӣ

намекашад бози он хами гесу , дили моро ба сӯяш

То ба сад ҳасрати лаб ва чашмам набандад дасти гетӣ

Ман нахоҳам басти чашм аз рӯйу лаб аз гуфтугӯяш

Сояи сарвии ншстстм ки аз ҳар гӯша дорад

Оби чашми мардуми соҳиби назари оҳанги ҷӯяш

Гар нишони ҷӯии азуи як бора гум кун хештан ро

Зон ки худро борҳо гум кардаам дар ҷустуҷӯяш

Ман ки имрӯз аз ғами дидор ӯ мардум ба сахтӣ

Оҳ агар фардо биафтад чашми умедам ба рӯйиш

Ашк хунин меравад аз дидаам ҳангоми мастӣ

То май рангин ба ҷомам карда соқӣ аз сабуяш

Банди меҳр ӯ фурӯғӣ кӣ тавон аз ҳам гусастан

Зон ки сад пайванд дорад ҳар сар мӯем ба мӯяш