Ба ҷон то шавқ ҷононаст мо ро
Чаҳ оташҳо ки бар ҷонаст мо ро
Балои сахтӣу баргаштаи бахтӣ
Аз он баргашта мижгонаст мо ро
Аз он олӯда домонем дар ишқ
Ки хӯни дил ба домонаст мо ро
Ҳадиси зулфи ҷонон дар миён аст
Сухан зон рӯ парешонаст мо ро
Чунон аз дарди хубон зор гаштем
Ки безории з дармонаст мо ро
зи мо эй носеҳ фарзона бигузар
Ки бо паймона паймонаст мо ро
зи баси ху бо хаёл ӯ гирифтем
Висолу ҳиҷр яксонаст мо ро
Сари кӯии нигорӣ ҷон супурдем
Ки хокаши об ҳайвонаст мо ро
Шабӣ бе рӯй он маи рӯз кардан
Бурун аз ҳад имконаст мо ро
Гиребони ту то аз дасти додем
Аҷали даст ва гиребонаст мо ро
Ба ғайр аз мушкили ишқаши фурӯғӣ
Чаҳ мушкилҳо ки осонаст мо ро