Дар роҳи ишқ ман нагузаштам зи коми хеш
Гомӣ месерум нашуд аз иҳтимоми хеш
Дӯш аз нигоҳи соқии ширини каломи хеш
Масти он чунон шудам ки нҷстми мақоми хеш
Кайфиятӣ ки дидаам аз чашми масти дӯст
Ҳаргизи надидаи чашми ҷам аз даври ҷоми хеш
Ёрони хароби бода ва ман масти хӯни дил
Мастаст ҳар касе з май нӯши фоми хеш
Соқӣ биор май ки зи такфири шайхи шаҳр
Натавон гузаштан аз сари айши мудоми хеш
Дидам ба чашми ҷони ҳамаи авроқи осмон
Як нома мурод надидам ба номи хеш
Чашмам ба рӯй қотилу фарқам ба зери теғ
Миннати худоиро ки расидам ба коми хеш
То ҷилва кард Лайлӣ маҳмил нишин ман
Ҳамчун шутур ба даст надидам зимоми хеш
Гоҳе нигаҳ ба ҷониб дил мекунад ба ноз
Чун хоҷае ки менигарад бар ғуломи хеш
Парвонаи вори сӯхти фурӯғӣ вале накард
Тарки хаёли ботилу савдои хоми хеш