То шикан зулф туаст силсилаи ҷунбони дил

Ҷамъ нахоҳад шудани ҳоли парешони дил

Шавқи ту дар ҳам шикасти панҷаи шоҳини сабр

Ишқи ту лашкар кашид бар сари султони дил

Ҳам хати нўхизи ту сабзаи гули зори ҷон

Ҳам лаби ҷони бахши ту чашмаи ҳайвони дил

Кор ман омад ба ҷон аз ситами посбон

Рафтам аз он остони ҷони туу ҷони дил

Чора ҳар дардро халқ ба дармон кунанд

Дарди туро карда ишқи мояи дармони дил

Гарчи сабурӣ хушаст дар ҳамаи корӣ вале

Кардани сабр аз рахт кӣ шавад имкони дил

Дил ба ту барбаст аҳд , каз сар ҷон бугзарад

Ҷони гарон моя рафт бар сари паймони дил

Дар талаби чашми ту давр ба охир расед

Оҳ ки он ҳам нашуд ҳосили даврони дил

Ришта ақлам гусехт бар сари савдои ишқ

Гавҳар ашкам бирехт бар дар дукони дил

Сӯзани фикрати шикаст , ришта тоқат гусехт

Бас ки з нав дӯхтам чоки гиребони дил

Умри фурӯғии гузашт , коми дил охир наёфт

Гар ту мурод вале вои зи ҳурмони дил