Ман хароби нигаҳи наргиси Шаҳлои туам
Бе худ аз бодаи ҷом ва май минои туам
Ту ба таҳрики фалаки фитнаи даврони манӣ
Ман ба тасдиқи назари маҳви тамошои туам
наметавон ёфтан аз бесару сомонии ман
Ки саросемаи гесуии самани сои туам
Аҳли маънии ҳама аз ҳолат ман ҳайронанд
Бас ки ҳайрат зада сӯрати зебои туам
Талху ширини ҷаҳон дар назарам яксон аст
Бас ки шӯридаи дил аз лаъли шкрхои туам
Марди майдони балои ду ҷаҳон доне кист
Ман ки афтодаи болои длорои туам
Сари мӯе ба худ аз шавқ напардохта ам
То гирифтори сари зулфи чилипои туам
Бас ки савдои ту аз ҳар сар мӯем сар зад
Мӯ ба мӯ бо хабар аз олами савдои туам
Зери шамшери ту имрӯз фурӯғӣ ме гуфт
Фориғ аз кашмакаши шӯриши фардои туам