Парда бигушоӣ ки ман сӯхта рӯй туам
Ҳасрати андӯхтаи талъати некӯии туам
Ман на онам ки зи домон ту бурдорам даст
Теғ бурдор ки миннати каши бозуии туам
Синаи чокони муҳаббат ҳама донанд ки ман
Сипар андохта теғи ду абрӯии туам
Натавон ком маро дод ба дашномӣ чанд
Ки ҳамаи умри санохону дуъогӯии туам
Он чунон пеши рахти сохт парокандаи дилам
Ки парокандатар аз машк фишон мӯии туам
Гарчи дар чашми ту миқдор надорам лекин
Ин қадар ҳаст ки дарвеши сари кӯии туам
Ман ки дар гӯши фалак ҳалқа кашидам чу ҳилол
Ҳолиё ҳалқа ба гӯши хами гесуии туам
эй қиёмати зи қиёми ту нишоне , бархез
Ки ба ҷон дар талаби қомати дили ҷӯии туам
Охир эй оташи сӯзони фурӯғӣ то чанд
Дили сўдоздаҳ ҳар лаҳза кашад мӯии туам