То ба дар майкада ҷо карда ам

Тавбаи зи тазвир ва риё карда ам

Хирқаи тақво ба меафканда ам

Ҷомаи парҳез қабо карда ам

Хоҷагӣ аз пери Муғон дида ам

Бандагии аҳл сафо карда ам

Коми худ аз мғбчгон ҷуста ам

Дарди дил аз бода даво карда ам

Як ду қадаҳ май ба каф оварда ам

Рафъи ғаму дафъ бало карда ам

Чашми тамаъ аз ҳамаи сӯ баста ам

Қатъи умед аз ҳама ҷо карда ам

Рахши саодат ба фалак ронда ам

Рӯй таҳаккум ба қазо карда ам

Аз асари хок дар май фуруш

Хӯни бадали об бақо карда ам

Аз зираи зулфи гиреҳи гири дӯст

Уқдаи зи кори ҳама во карда ам

Ҳиммати мардонаи зи ман ҷӯ ки ман

Хизмати мардон худо карда ам

Дӯши фурӯғӣ ба хароботи ишқ

Анҷумани айш бпо карда ам