Даст дар ҳалқаи он ҷаъд чилипо зада ам

Дили сўдоздаҳро силсила дар по зада ам

Ишқам оташ заду оби мижа аз сар бигузашт

Паии он гавҳари як дона ба дарё зада ам

Дар бар ғамзаи тифлӣ сипар андохта ам

Ман ки бар қалби ҷаҳон бо тан танҳо зада ам

Соқем карда чунон маст ки ҳангоми самоъ

Санг бар шиша на торам мино зада ам

Бо ман эй зоҳид гумроҳ мазан панҷа ба ҷаҳл

Ки зи оҳи саҳарӣ бар саф аъдо зада ам

Манам он ошиқи девона ки аз ғояти шавқ

Хами занҷири туро бар дил шайдо зада ам

Лолаи зорӣ шудаам бас ки ба гули зори вафо

Шуълаи доғи туро бар ҳама аъзо зада ам

наметавон ёфт зи туғёни ҷунунам ки мудом

Сари савдоӣ ту дорад дил сўдоздаҳ ам

По ба гули мондаи зи болои ту тӯбои оре

Ман дар ин масъала бо олам боло зада ам

Ҳар ки файзи дами ҷони бахш ту бинад донад

Ки чаро ханда ба анфос масеҳо зада ам

Бахти бедор мадад кард фурӯғӣ ки ба хоб

Бӯсае чанд бар он лаъл шкрхо зада ам