То бо ту орамидаам аз худ рамида ам

Миннати худоиро ки чаҳ хуш орамида ам

Рӯй тазаллуми ману хоки сарои ту

Дасти татовули туу ҷайб дарида ам

Дар ашки ман ба чашми ҳақорат назар макун

Кин лаълро ба хӯни ҷигар парварида ам

Зон по ниҳодаам ба сари оҳӯии ҳарам

Каз тири чашми масти ту дар хӯн тапида ам

Гӯи олимӣ ба меҳри ту аз ман баранд дил

Зеро ки ман дил аз ҳамаи олам бурӣда ам

Ҳар мӯии ман шикаста шуд аз бори хастагӣ

Аз бас ба санглохи муҳаббат давида ам

Он бақост заҳри фано дар мазоқи ман

То шарбати фироқ батонро чашида ам

Кайфияти шароби лабатро з ман мапурс

Кин нашаҳро шунидаам аммо надида ам

Гар бар надорам аз сари зулфи ту дасти шавқ

Айбам макун ки тоза ба давлат расида ам

Оҳии кашам ба ёди биногваш ӯ зи дил

Ҳар нимаи шаб ки толиби субҳ дамида ам

Афтодам аз забон ки ба додам расед дӯст

Ранҷӣ кашидаам ки ба ганҷӣ расида ам

Тифлӣ ба тири ғамзаи диламро ба хӯн кашид

Каз тири ваии камони фалакро кашида ам

То гӯш ман шунида фурӯғӣ навой ишқ

Бовар макун ки панд касеро шунида ам