Ба бӯсае зи даҳони ту орзӯмандам
Фиғон ки бо ҳамаи ҳасрат ба ҳеҷ хурсандам
Ту аз қабӣлаи хубони сусти паймонӣ
Ман аз ҷамоати ушшоқи сахти пайвандам
Бурид аз ҳамаи ҷои дасти рӯзгори маро
Бад-ӣни гуноҳ ки дар гарданати ниФкндм
Шарори шавқи ту бар май ҷаҳди з ҳар узвам
Навой ишқи ту сар мезанад з ҳар бандам
Агар ту доғгузорӣ чигуна напазирам
Вагар ту дард фиристӣ чигуна напасандам
Падари алоқа ба фарзанд хештан дорад
Ман аз таъаллуқ рӯй ту хасми фарзандам
Замона то накунад хаймаи ?ут наме доне
Ки ман чигуна аз он кӯй хайма баркандам
Ба роҳи ваъда хилофӣ нишастаам чанде
Ки зери теғи тағофули нишондаи як чандам
Муоширони ҳама дар базм писта ме шикананд
Шикастаи дили ман аз он пистаи шикархандам
Ба гиря гуфтам аз он пистаи як ду бӯсами бахш
Ба ханда гуфт магас кӣ нишаста бар қандам
зи бодаи дӯши маро тавба дод муфтии шаҳр
Батон сода агар нашкананд савгандам
Наҷот дод малик ҳар куҷои асирӣ буд
Ман аз слосли зулфаш ҳануз дар бандам
Сутӯдаи носрдини шаҳ ки аз шараф гуяд
Ба ҳеҷ давра надид офтоб монандам
Касе сазои маломат ба ҷуз фурӯғӣ нест
Ки доим аз май ва маъшӯқ медиҳад пандам