Дӯшинаи маӣ ба хоб дидам
Яъне ба шаб офтоб дидам
Шабҳо ба ҳавои хоки кӯяш
Чашми ҳамаро пуроб дидам
Ҳар гӯшаи зи тири ғамза ӯ
Дили хаста ва беҳисоб дидам
Аз оташи шавқ ӯ ба гулшан
Мурғони ҳамаро кабоб дидам
Як нуктаи з ҳар ду лаъл ӯ буд
Ҳар нашъа ки дар шароб дидам
Дар ҳар сари мӯии сайди бандаш
Сад печ ва ҳазор тоб дидам
Дар ҳар хами анбарин камандаш
Як ҷамъ дар изтироб дидам
Дар ишқ ҳар он дуо ки кардам
Як ҷои ҳама мустаҷоб дидам
Дилҳои шикастаро зи васлаш
Як сари ҳама комёб дидам
Осоиши ҷони аҳли дил ро
Дар кашмакаш азоб дидам
Тӯмори гуноҳи ошиқон ро
Сари дафтар ҳар савоб дидам
Аз бодаи чашм ӯ фурӯғӣ
Мардуми ҳамаро хароб дидам