Бар сар ҳар мижаи чандини гул рангин дорам

Яъне аз ишқи ту дар бар дил хунин дорам

Гар ту дар синаи симини дили сангини дорӣ

Ман ҳам аз давлати ишқати тан рӯйин дорам

Бар серумгар зи фалаки санги баборад ғам нест

Зон ки аз хишти сари кӯии ту болин дорам

Ба умедӣ ки саҳар бар рахт уфтад назарам

Назарии шаби ҳамаи шаб бар ма ва парвин дорам

Гарчи комами зи лаби нӯши ту талхаст аммо

Гар касе гӯш диҳад , қисса ширин дорам

Комӣ аз дайру ҳарам ҳеҷ надидам дар ишқ

Гилае чанд ҳам аз куфр ва ҳам аз дайн дорам

Рӯзи торику шаби тирау иқболи сиёҳ

Ҳама зон холу хату турра мишкӣн дорам

Ишқ ҳар рӯзи з нав дод марои ойинӣ

То бидонанд хилоиқ ки чаҳ ойин дорам

Гуфтамаш меҳри фурӯғӣ ба ту рӯз афзӯн аст

Гуфт ман ҳам ба хилофаши дили пар кин дорам