Ҷунуни гусастаи бдонсони каманди тадбирам

Ки аз слосли ту мустаҳаққи занҷирам

зи нури ҳасани ту чашму чароғи хуршедам

зи фари ишқи ту фармонравои тақдирам

зи саҳари чашми ту шоҳини панҷаи шоҳам

зи банди зулфи ту занҷири гардани шерам

Чунон ба ҷилва даромад ҷамоли сӯрати ту

Ки аз камоли таҳайюри мисоли тасвирам

Нишастаам ба сари роҳи орзӯи умрӣ

Ки абрӯии ту нишонд ба зери шамшерам

Кунун ки даст тазаллум задам ба домонат

Аннан кашидӣу бастии забони тақрирам

зи фарқ то қадам аз сӯзи ишқ нола шудам

Вале набӯд дар он дили маҷоли таъсиам

Саҳари камони дуоро ба икдгри шиканам

Худо накардагар имшаб хато равад тирам

Ба қотилии сар ва корам фитод дар мастӣ

Ки теғ мекашад ва мекашад зи тохирам

Шароб дод валикин нахуфт дар базмам

Хароби сохт валикин накард таъмирам

Тиллои аҳмар агар хокро кунам на аҷаб

Ки ман зи тарбияти ишқи кони эксирам

Магар ки хоҷаи фурӯғии зи банда дар гузарад

Вагар на соҳиби чандини ҳазор тақсирам