Ғарқи меҳр шоҳ дидам офтобу моҳ ро

Дӯст доранд ин ду кавкаби Носириддини шоҳ ро

Он шаҳаншоҳӣ ки некӣ кард бо халқи замин

То ба тоқ осмон зад қуббаи харгоҳ ро

Гавҳари дарҷи саодати ахтари бурҷи шараф

Он ки иқболаш баландӣ медиҳад кӯтоҳ ро

Ногаҳон аз хизматаши қавмӣ ба давлат ме расанд

Кӣ ба ҳар кас медиҳанд ин давлат ногоҳ ро

Қасдаш аз шоҳӣ ба ғайр аз неки хоҳӣ ҳеҷ нест

Чун нахоҳанд аҳли дили ин шоҳи некӯи хоҳ ро

Дӯстони шоҳро дар айни шодӣ дида ам

Чарх то барканда баҳри душманонаши чоҳ ро

Теғи каҷ бар даст ӯ дода сети қаҳри зулҷалол

То ба роҳи рости оради мардуми гумроҳ ро

Подшоҳон аз ҷалол ва ҷоҳ доранд ифтихор

Муфтахар аз шахс ӯ бингар ҷалолу ҷоҳ ро

Тоҷдорон аз сарир ва гоҳ доранд эътибор

Муътабар аз зот ӯ бингар сариру гоҳ ро

Кӣ ба айвони рафеъаши даст кайвон ме расад

То нбўсди пои камтари ҳоҷиби даргоҳ ро

Зилли яздонаш наме хондандии абнои замон

Гар ба ӯ яздон намедодӣ дили огоҳ ро

То фурӯғии чашмаш аз нури илоҳӣ равшан аст

Кӣ раҳо созад зи кафи домони зилли аллоҳ ро