Сурӯши ишқи ту як нукта гуфт дар гӯшам
Ки бор ҳар ду ҷаҳонро фиканд аз дӯшам
Агар чаҳ васли ту мумкин намешавад , лекин
Дарин муомила то мумкин аст ме кӯшам
Ғами туро ба нишот ҷаҳон нишоед дод
Ман ин харида худро ба ҳеҷ нафурӯшам
Ба хоб хуш наравад чашми ман аз хушҳолӣ
Агар ту маст беафтӣ шабӣ дар оғӯшам
Ба ҳеҷ ҳоли зи хотир Фромшм нашӯй
Вале дареғ ки аз хотирати фаромӯшам
зи як хаданги нишоне ба хӯни хештанам
Агар ҳазор зира бар сари зираи пӯшам
Ду гӯшт ар з хурӯшиданам ба танг омад
Чунин мазан ки зи дастат чу чанг нахурӯшам
Биор соғар майро ба гардиш эй соқӣ
Ки ман зи чашми ҳарифи афкани ту мадҳушам
Магар ба домани маҳшари маро ба дӯши оранд
Чунин ки масту хароб аз пиёлаи дӯшам
Чунон забона кашид оташи тазаллуми ман
Ки оби чашма раҳмат накард хомӯшам
з ҳар тараф ба камӣнам нишаста широннд
Ман аз ниҳояти ғифлат ба хоби харгӯшам
Фурӯғӣ аз май гулгун сухан бигӯ вар на
Ман он димоғ надорам ки ёваи бниўшм