Ман аз камол шавқ надонам ки ин туе

Ту аз ғурур ҳасан ндонӣ ки ин манам

Гар бркннд дидаам аз нохуни итоб

Гар дида аз шамоили хуби ту бркнм

Бигузаштам аз биҳишти барин остин фишон

То хоки остон ту карданд масканам

Машну зи ман ба ғайри навоҳои сўзнок

Зеро ки дастпарвар мурғони гулшанам

Он қамарии ҳдиқаҳи ишқам ки карда бахт

Зулфи баланди сарвқадони тавқи гарданам

Шоҳини тири зпнҷаҳи дасти муҳаббатам

Зон шуд фарози соиди шоҳони нишеманам

То хори ишқи гӯшаи домон ман гирифт

Гулҳои ашки рехт ба гули зори доманам

То сар ниҳодаам ба иродат ба пои дӯст

Омодаи маломати як шаҳри душманам

Берун чигуна меравад аз кини маҳвашон

Меҳрӣ ки ҳамчуи рӯҳи фурӯрафта дар танам

То чашм ман фитод фурӯғӣ ба рӯй ӯ

Хуршеди бардаи равшанӣ аз чашми равшанам