То бо камон абрӯ бинишаст дар камӣнам

Дар хӯн хеш бинишонад аз тири дилнишинам

Ҳам туррааш баҳам зад тӯмори сабру тобам

Ҳам ғамзааш з ҷо кунад бунёди ақлу дайнам

Гоҳе ба дил кунад ҷо , гоҳе ба дидаи мо ро

Як ҷо наменишинад шоҳ ҳашам нишинам

Ҳар гӯшаи аҳл розӣ дорад бадви ниёзӣ

Дар роҳи ишқи бозӣ танҳо на ман чунинам

Ту хирмани ҷамолӣ , ман хӯшаи чини мискин

Ту хоҷаи бузургӣ , ман бандаи камӣнам

Ту подшоҳи ҳасанӣ , ман додхоҳи ишқам

Ту фитнаи замонӣ , ман шӯриши заминам

Хорӣ ки аз ту ояд беҳтари зи ту ситонам

Бӯе ки аз ту бошад хуштар зи ёсаминам

Даст аз ту бар надорамгар май кашӣ ба дорам

Меҳр аз ту брнагирамгар май кашӣ ба кинам

Рӯзӣ агар бубинами худро бар остонат

Дигар касе набинад ҷонро дар остинам

Он дам ки бар лаб ояд ҷонами зи заҳри ҳиҷрон

Аз лаъли нӯшхандати муштоқи ангабинам

Бар осмон хӯбӣ дорам маии фурӯғӣ

Каз саҷдаи заминаш Меҳрӣаст бар ҷабинам