Ба ки бошам беқарор аз зулфи ёри хештан

Ман ки додам беқарориро қарори хештан

Кардам изҳори муҳаббати пеши он зибонгор

Пардаро бардоштам аз рӯй кори хештан

Дили з кор афтоду рӯзам тира шуд дар ошиқӣ

Фикри кор дил кунам ё рӯзгори хештан

Бас ки корам сахт шуд аз сахти гирӣҳои ишқ

Маргро осон гирифтам дар канори хештан

Длброгар ошиқӣ аз ошиқат пинҳон макун

Рози худ махфии мадор аз роздори хештан

Ман гирифтам ҷузи ту дилдорӣ намудем ихтиёр

Чун намоям бо дил бе ихтиёри хештан

Гар умед аз турраи ънбрФшонти бркнм

Чун кунам бо хотири умедвори хештан

Арздӣ ҳар ду оламро тавон бурдан ба хок

Гар туро ошиқ кунад шамъи мазори хештан

Зон Фкндстӣ ба маҳшари ваъдаи дидори хеш

То ҷаҳониро кашӣ дар интизори хештан

То фурӯғӣ бо хати мишкӣн ӯ шуд ошно

Машк май боради зи калаки мшкбори хештан