На аз ҷамоли ту қатъи назари тавон кардан

На ҷузи хаёли ту фикр дигар тавон кардан

Ғамати ҳалоки маро маслиҳат наме донад

Вагар на масъаларо мухтасари тавон кардан

Кунун ки бар сар болин наомадӣ мо ро

Ба хоки мо зи тараҳҳуми гузари тавон кардан

зи хати сабзи ту эй навбаҳори гулшани ҳасан

Канори сабзаи пар аз машктар тавон кардан

Хушаст нолаи шаби гири хосса дар ғами ишқ

Вагар на дар дили хорои асари тавон кардан

Ба фари талъати соқӣу хати дили каши ҷом

Алоҷи фитнаи даври қамари тавон кардан

Миёни баҳр ба ёди гуҳари тавон рафтан

Ҳавои заҳр ба шавқи шукри тавон кардан

Баҳоии бӯса ӯ нақди ҷони тавон додан

Ҳазор нафъи паии ин зарари тавон кардан

Камон кашида зи абрӯ ба рӯй ман санамӣ

Ки синаро бар тираши сипари тавон кардан

Нишони каъбаи нҷстми вагарна мумкин нест

Ки таии бодияи зини бештари тавон кардан

Ҳануз дар ғам ҷонон надодаам ҷон ро

Гумон набӯд ки сабри ин қадари тавон кардан

Фурӯғӣ ар нашавад шарми дӯстии монеъ

Назораи рухи фаррухи сайри тавон кардан