Гоҳе ба нӯшханди лабатро ишора кун
Моро ба ҳеҷ соҳиби умр дубора кун
Бинмоӣ рӯй худ зи пас пардаи ошкор
Як бораи роз ҳар ду ҷаҳон ошкора кун
Вақте ки чораи дил ушшоқ ме кунӣ
Дарди маро ба ним шикарханда чора кун
Бо ҷом май шабӣ ба шабистони ман биё
Осӯдаам зи гардиши моҳ ва ситора кун
Хоҳӣ ки доман ту нагирам рӯзи ҳашар
Дар зери теғи ҷониби мо як назора кун
Хайраст он чаҳ мерасад аз даст чун туе
Камтар ба қатли хастаи дилон истихора кун
Акнӯн ки аз канори миннати майл рафтан аст
Аввал бирез хӯнаму охир канора кун
Бо меҳрбонӣ аз дили сангин ӯ махоҳ
ё ноларо бигӯ гузар аз санг хора кун
Гуфтам фурӯғӣ аз паии мижгон ӯ Марв
Рафтӣ кунун алоҷи дили пора пора кун