Ба хӯни тапидаи зи бозуии қотилии тани ман
Ки миннатӣаст зи шамшер ӯ ба гардани ман
Фириштаи сина сипар мекунад чу аз сари ноз
Савор мегузарад тарки новаки афкани ман
Агар таҷаллии он моҳи сабзи хат ин аст
Бҳл ки барқ бисӯзад тамоми хирмани ман
Савол кардам азуи фитна дар ҳақиқат чист
Ҷавоб дод ки рамзии зи чашми пари фани ман
Чигуна пой тавонам кашид аз он сари кӯй
Кунун ки дасти муҳаббати гирифтаи домани ман
Чунон зи дӯсти малулам кигар ҳадис кунам
Ҳазор нола барояд зи қалби душмани ман
Асар дар он дил сангин намекунад чаҳ кунам
Вагарнаи рахна ба фӯлод карда шевани ман
Саводи зулфу баёзи рухи ту равшан кард
Ҳикояти шаби торику рӯзи равшани ман
Насиби ман зи ту ҳар рӯзи тир длдўз аст
Фиғон агар нарасад рӯзии муайяни ман
Ба шохсори худ эй гули марои нишемани даҳ
Ки мурғ сидра хӯрд ҳасрати нишемани ман
Фурӯғӣ аз рухи он маи назар наме бандам
Агар сипеҳри бибандади камар ба куштани ман